Боздошти судя дар ноҳияи Рӯдакӣ бо 50 ҳазор $ пора

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро ба гумони даст доштан дар порагирӣ боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни тафтиши муайян карда шудааст, ки Искандар Саидов бо ваъдаи таъини ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ аз як шаҳрванд 50 ҳазор […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Искандар Саидзодаро ба гумони даст доштан дар порагирӣ боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни тафтиши муайян карда шудааст, ки Искандар Саидов бо ваъдаи таъини ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ аз як шаҳрванд 50 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст.

«Кормандони фаврии Агентӣ Саидзодаро дар бинои суди ноҳияи Рӯдакӣ бо далели шайъӣ – ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА дастгир карданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Порагирӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.