Коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Сарфи назар аз афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ, давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон 417,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар баробари коҳиши ҳаҷми воридот, нархи сӯзишворӣ низ поин рафта, агар тӯли […]

Заррина Эргашева



Сарфи назар аз афзоиши талабот ба маводи сӯзишворӣ, давоми моҳҳои январ-майи соли равон ба Тоҷикистон 417,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар баробари коҳиши ҳаҷми воридот, нархи сӯзишворӣ низ поин рафта, агар тӯли 5 моҳи соли гузашта арзиши 1 тонна маҳсулоти нафтӣ 570 доллари ИМА-ро ташкил медод, дар ин давраи соли равон нархи он 468 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ 79,4 ҳазор тонна бензин (28,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) бо нархи миёнаи 462 $ барои 1 тонна; 85,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (24,3 ҳазор тонна камтар) бо нархи миёнаи 503 $ барои 1 тонна ва 16,9 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ бо нархи 746 $ барои 1 тонна ворид карда шудааст.

Аз ҳаҷми умумии маводи сӯзишвории дар ин давра ба Тоҷикистон воридшуда ба ҳиссаи Русия – 62%, Қазоқистон – 24% ва Турманистон – 12,6% рост меояд.

Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон дар 5 моҳи соли равон 138 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нархи ҳар 1 тонннаш ба 453 $ баробар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳамин ҳафта Думаи давлатии Русия

созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтиро тасдиқ кард.

Тавозуни индикативии сӯзишворӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ахири соли 2015 ба имзо расида, мутобиқи ин санад, имсол аз Русия ба Тоҷикистон 830 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ интиқол дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.