Гумонбарии 3 сокини ҷавони пойтахт ба кордкашӣ

Кормандони милитсия се сокини ноболиғи шаҳри Душанберо аз рӯи далели авбошӣ бо истифода аз корд боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  шоми рӯзи 20 июн дар маҳаллаи Калинини шаҳр шахсони номаълум аз ҳиссиёти  авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бе ягон асос сокини 18-солаи пойтахтро лату кӯб карда, сипас бо корд дар рони […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия се сокини ноболиғи шаҳри Душанберо аз рӯи далели авбошӣ бо истифода аз корд боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон,  шоми рӯзи 20 июн дар маҳаллаи Калинини шаҳр шахсони номаълум аз ҳиссиёти  авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бе ягон асос сокини 18-солаи пойтахтро лату кӯб карда, сипас бо корд дар рони пойи чапаш мезананд ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ҷавон бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мешавад.

«Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се нафар ноболиғони 16-17-сола, сокинони шаҳри Душанберо  бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд», – омадааст дар хабари вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.