Тавофуқи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русия дар Тошканд

Зимни ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи ҷаласаи 15-уми ҷашнии сарони кишварҳои Созмон дар шаҳри Тошканд, рӯзи 23 июн миёни Палатаи савдо ва саноати Русия ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Ёддошт оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки зери ин санад роҳбарони Палатаҳои ҳарду кишвар […]

ASIA-Plus



Зимни ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи ҷаласаи 15-уми ҷашнии сарони кишварҳои Созмон дар шаҳри Тошканд, рӯзи 23 июн миёни Палатаи савдо ва саноати Русия ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Ёддошт оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки зери ин санад роҳбарони Палатаҳои ҳарду кишвар Шариф Саид ва Сергей Катирин имзо гузоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо нақши Шӯрои кории «Тоҷикистон – Русия»-ро дар роҳандозии муколамаи пурсамар миёни ширкатҳои манфиатдор ва корхонаҳои ҳарду кишвар бо мақсади рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ таъкид намуданд.

Бо назардошти вазифаҳои гузошташуда, солҳои наздик дар фаъолияти Шӯрои корӣ ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба бо ҷалби сохторҳои манфиатдори давлатӣ ва тиҷоратии кишварҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод – гидроэнергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, мошинсозӣ, металлургия, индустрияи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркард, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа, ҳамкории илмиву техникӣ, маориф, туризм ва тандурустӣ бартарӣ дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.