Ҳукми 14 соли зиндон ба наворбардори гурӯҳи «Ҷабҳат ун-Нусра»

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Юсуфов Абдулло Шералиевич, соли тавллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ, хонаи №19, ҳучраи №7  бо айбдорӣ аз рӯи моддаи 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. Судшаванда Абдулло Юсуфов дар Тоҷикистон  аз чизе танқисӣ надошт. Номбурда дар курси сеюми Донишгоҳи миллии […]

АМИТ «Ховар»



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Юсуфов Абдулло Шералиевич, соли тавллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Шерозӣ, хонаи №19, ҳучраи №7  бо айбдорӣ аз рӯи моддаи 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Судшаванда Абдулло Юсуфов дар Тоҷикистон  аз чизе танқисӣ надошт. Номбурда дар курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи муносибатҳои байналхалқӣ таҳсил  мекард, оиладор ва соҳиби як фарзанди дустрӯяк  аст.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, суд муайян намудааст, ки А.Юсуфов шурӯъ  аз моҳи марти соли 2015  дар шабакаи интернетии «Одноклассники»  саҳифаи худро созмон дода, бо нафаре бо номи Абу Дирар, ки шахсияташ муайян карда нашудааст, шиносой пайдо намуда, даъвати   ӯро барои ҷиҳод намудан дар  Ҷумҳурии Арабии Сурия  пазируфта,  аз пайи амалӣ гардидани ин  мақсад мегардад.

Рӯзи 16 июни соли 2015, пинҳонӣ аз аъзои оила, аз ҷумла,  ҳамсараш тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ва пас ба шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина парвоз карда, 17 июни соли 2015 бо хатсайри «Киев-Истанбул» ба давлати Туркия рафтааст.

Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул ӯро ду нафар, ки шахсияташонро тафтишот муайян накардааст, пешвоз гирифта, ба хонае бурдаанд.  24 июни соли 2015 ӯ бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонони миллаташон чечен ва қазоқ, ки шахсияташон дар рафти тафтиши пешакӣ муайян нашудааст, тавассути мошин ба шаҳри Газиантепи Туркия рафта, сипас сарҳади Ҷумҳурии Арабии Сурияро убур намуда, аввал ба шаҳри Латакия ва аз он ҷо ба шахри Ҳалаб рафтаанд.

Дар шахри Ҳалаб ӯ ба ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2015 ташкилоти экстремистй-террористй эътироф  шудааст, шомил шуда, таълимоти ҳарбиро гузашта, истифодаи силоҳҳои оташфишони гуногунро омӯхтааст. Сипас бо супориши яке аз саркардагони ташкилоти зикршуда ҳамчун наворбардор тарзи будубош ва нигоҳдории зиндониёнро дар шаҳрҳои Ҳалаб, Латакия, Хомс, Идлиб ва дигар шаҳрҳои таҳти тассаруфи гурӯҳи террористии номбурда қарордошта наворбардорӣ намудааст.

Ҳангоми дар ташкилоти экстремистй-террористии «Ҷабҳату-н-Нусра» буданаш ӯ пайваста тавассути сомонаи интернетии «Вотсап» бо апааш Зайнаббибии Шералӣ суҳбат намуда, дар рафти он иброз намудааст, ки «дар беҳтарин сарзамин қарор дошта, аз ягон чиз камбудӣ надорад ва агар кормандони амният ӯро пурсон шаванд, гӯяд, ки дар хонаи хусураш қарор дорад».

А.Юсуфов  то охирҳои моҳи январи соли 2016 дар он ҷо фаъолият намуда, аввалҳои моҳи феврали ҳамин сол  бинобар пурзӯр гардидани амалиёти зиддитеррористии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Федератсияи Русия дар ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия ва зиёд шудани шумораи бомбаборонкунии ҷойҳои будубоши террористон, аз тарси он ки ба халокат мерасад, аз ҳудуди Ҷумҳурии Арабии Сурия гурехта, ба воситаи Ҷумҳурии Туркия боз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст ва  9 феврали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Бо дастрасии моддаҳои  332, 333, 334-335, 338, 339, 341-344, 347, 348-и Кодекси мурофиавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ҳукм  намуд, ки  Юсуфов Абдулло Шералиевич бо моддаҳои мазкур   гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ 14 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми  сахт таъйин гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.