Роҳхати 5-уми варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Рио-2016

Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи […]

ASIA-Plus



Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Дар ин бора Рашид Саидов, муовини раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 24 июн хабар додааст. Ӯ гуфтааст, “Даврон Атабоеви 23-сола дар бисёр мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ, ба мисли аввалин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон соли 2010-ум дар Сингапур ва Бозиҳои XVII осиёӣ соли 2014-ум дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ шарафи варзиши Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Вай таҳти раҳбарии мураббиён Ӯлмас Олимов ва Галина Карамишева тамрин мекунад.”

Ҳамин тариқ, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назароваввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  – дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Инчунин Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва

соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ  иштирок хоҳад кард.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ, гуштии озод ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.