Иҷозатномаи фаъолият ба ташкилоти қарзии хурди «Фардо»

Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 22 июни соли 2016, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” ба ҶДММ ТАҚХ “Фардо”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии […]

ASIA-Plus



Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 22 июни соли 2016, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” ба ҶДММ ТАҚХ “Фардо”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фардо” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркуниву мубодилавӣ ва барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо машғул шавад.

Қобили қайд аст, мутобиқи қарори зикргашта иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” аз 3 декабри соли 2012 беэътибор хонда шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.