Раҳоии як фаъоли ҲНИТ аз боздоштгоҳи Туркия

Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн аз боздоштгоҳе дар Истанбул раҳо шудааст. Наздикони Афзалӣ 29 июн гуфтанд, мақомоти интизомии Туркия асосан санади будубоши ӯро тафтиш карда, ба далели наёфтани иштибоҳ раҳояш намудаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , аммо пойгоҳҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа навиштаанд, […]

Радиои Озодӣ



Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши хатлонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн аз боздоштгоҳе дар Истанбул раҳо шудааст. Наздикони Афзалӣ 29 июн гуфтанд, мақомоти интизомии Туркия асосан санади будубоши ӯро тафтиш карда, ба далели наёфтани иштибоҳ раҳояш намудаанд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, аммо пойгоҳҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа навиштаанд, ӯ бар асоси парвандаи фиристодаи ҷониби Душанбе дастгир шуда ва тӯли тақрибан ҳафтод рӯз дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ин манобеъ мегӯянд, гӯиё Қамариддин Афзалӣ ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳояш барои қайди Туркия дар бинои амнияти ин кишвар боздошт шудааст.

Бо ин ҳол, то кунун на мақомоти Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон расман боздошту раҳоии Қамариддин Афзалиро тасдиқ накарда ва далелашро ҳам шарҳ надодаанд. Иттилое, ки то мо расидааст, танҳо тавассути наздиконаш аст.

Қаблан манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Қамариддин Афзалӣ дар Истанбул изҳори бехабарӣ карда ва нагуфта буданд, ки оё ӯ таҳти пайгард қарор дошт ё не.

Қамариддин Афзалӣ то қатъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбарии бахши хатлонии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт ва узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шумор мерафт. Афзалӣ ба дунболи боздоштҳои густурдаи аъзои ҲНИТ ба хориҷ рафт, вале маълум нест, ки ӯ кай ва аз кадом роҳ вориди Туркия шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.