Даргузашти яке аз аввалин ровиёни телевизион Луъбат Бурҳонова

Рӯзи 2 июл яке аз аввалин ровиён (дикторҳо)-и телевизиони Тоҷикистон Лууъбат Бурҳонова дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ахиран вазъи солимии ӯ бад шуда, баъди марги писараш сактаи қалб (инсулт)-ро аз сар гузаронида буд. Луъбат Бурҳонова моҳи марти соли 2016 бо даъвои ҷуброни зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 334 ҳазору 950 сомонӣ аз ҷавобгар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2 июл яке аз аввалин ровиён (дикторҳо)-и телевизиони Тоҷикистон Лууъбат Бурҳонова дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ахиран вазъи солимии ӯ бад шуда, баъди марги писараш сактаи қалб (инсулт)-ро аз сар гузаронида буд.

Луъбат Бурҳонова моҳи марти соли 2016 бо даъвои ҷуброни зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 334 ҳазору 950 сомонӣ аз ҷавобгар Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон барои аз даст додани саробони оила – писараш Дилшодбек Муродов ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат намуд, аммо суд бинобар муайян набудани шахси ҷавобгар ба лату кӯби Д.Муродов, ин даъворо қонеъ накард.


Дилшодбек Гулмирзоевич Муродов

, ки ба муҳлати 6 моҳ ҳабс шуда буд, дар колонияи ислоҳотии №3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо мекард. Моҳи августи соли 2009 Д. Муродов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, дар ҳолати беҳушӣ ба қисми тиббии колонияи номбурда расонида шуд, ки ба ҳуш наомада, дар онҷо вафот кард.

9-уми августи соли 2009 Луъбат Бурҳонова хабар дод, ки писараш Дилшодбек Муродов дар маҳбас бо сабаби камбуди қалбӣ вафот кардааст. Ба ў ҷасади писарашро барои гўрондан дода буданд. Ў кафанро кушода, дид, ки писараш бераҳмона лату кўб шудааст.

Аз болои ин қазия Прокуратураи генералӣ бо қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ барои набудани таркиби ҷиноят 4 маротиба қатъ гардид ва баъди шикоятҳои чандинкарата аз сари нав оғоз шуд, аммо бо сабаби муайян нагардидани шахси гунаҳгор боздошта шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.