Гумонбарон ба қатли 5 муҳоҷири тоҷик назди суд ҷавоб мегӯянд

Маводи парвандаи ҷиноӣ оид ба дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи интиқоли нафти Куйбишев – Брянск, ки бо марги 5 шаҳрвнади Тоҷикистон анҷом пазируфт, ба суд фиристода шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Орёл, дар робита ба куштор, ҳамчунин корношоям сохтани лӯлаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва дуздӣ ду нафар сокинони маҳаллӣ […]

ASIA-Plus



Маводи парвандаи ҷиноӣ оид ба дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи интиқоли нафти Куйбишев – Брянск, ки бо марги 5 шаҳрвнади Тоҷикистон анҷом пазируфт, ба суд фиристода шуд.

Бино ба

маълумоти

сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Орёл, дар робита ба куштор, ҳамчунин корношоям сохтани лӯлаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва дуздӣ ду нафар сокинони маҳаллӣ – Аҳмед Аҳмедов ва Беҳрӯз Саидов гумонбар дониста мешаванд.

Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки моҳи июли соли 2015 Аҳмедов барои кандани нақб бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи интиқоли нафт Саидов ва боз 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро киро карда будааст. Сабаби марги мардикоронро мақомот ба нафасгир шудан аз дуди газ дар зери замин ҳангоми кандани нақб нисбат додаанд.

Саидов Аҳмедовро аз ин ҳодиса огоҳ намуда, сипас онҳо ҷасадҳоро бо автомашина ба вилоятҳои Маскаву Тула мебаранд. Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд.

Баъдан онҳо ба вилояти Орёл омада, ба фаъолияти ҷинояткоронаи худ идома медиҳанд ва дар ҳамон ҷо нақб канда, ба маблаги беш аз 9 ҳазор рубл сӯзишвории дизелӣ медузданд.  Нимаи дуюми моҳи июли соли 2015 

хадамоти матбуоти

 Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар вилояти Маскави Русия гумонбар дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон

боздошт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи ҳалокшудагон – Хуршед Ёрматови 27-сола ва Самандар Халифаеви 26-сола (ҳарду сокини ноҳияи Ҳамадонӣ), Солеҳҷон Дилшодови 33-сола (сокини ноҳияи Қумсангир), Фирдавс Нодирови 35-сола (сокини ноҳияи Данғара) ва Шаҳром Набиеви 27-сола шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.