Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр гузаштахои низомӣ барпо мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои артиши миллӣ аллакай омодагӣ ба ин гузаштҳо оғоз гардида, аз 11 июл намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.
Бино ба гуфтаи манбаъ, иштироки техникаи ҳарбӣ ва авиатсия дар гузаштҳо алҳол номаълум аст.
Рӯзи 11 июл дар соҳили рӯдхонаи Душанбеи шафати кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, рӯ ба рӯи боғи ҳайвонот хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ба омодагӣ шурӯъ мекунанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар гузашти низомии пойтахт аз иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ аз сафороиву гузашти 9 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.
Зимнан зикр гардид, ки минбаъд тағйири шумори иштирокчиёни гузаштҳои низомӣ аз эҳтимол дур нест.







