Гузаштҳои низомӣ ба ифтихори ҷашни асосии Тоҷикистон

Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр гузаштахои низомӣ барпо мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои артиши миллӣ аллакай омодагӣ ба ин гузаштҳо оғоз […]

asia+, asia+



Ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр гузаштахои низомӣ барпо мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои артиши миллӣ аллакай омодагӣ ба ин гузаштҳо оғоз гардида, аз 11 июл намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, иштироки техникаи ҳарбӣ ва авиатсия дар гузаштҳо алҳол номаълум аст.

Рӯзи 11 июл дар соҳили рӯдхонаи Душанбеи шафати кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, рӯ ба рӯи боғи ҳайвонот хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ба омодагӣ шурӯъ мекунанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар гузашти низомии пойтахт аз иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ аз сафороиву гузашти 9 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.

Зимнан зикр гардид, ки минбаъд тағйири шумори иштирокчиёни гузаштҳои низомӣ аз эҳтимол дур нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.