Анҷоми лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар соҳаи кишоварзии Истаравшан

Такаши Окимоти, роҳбари бахши матбуотии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони гармхонаҳо дар қишлоқи Сепулаи ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан» ширкат варзид. Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) амалӣ гашт. Баҳри бунёди 6 […]

Иттилоияи расмӣ



Такаши Окимоти, роҳбари бахши матбуотии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони гармхонаҳо дар қишлоқи Сепулаи ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан» ширкат варзид.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) амалӣ гашт. Баҳри бунёди 6 гармхона дар деҳаи Сепула аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Истаравшан маблағи умумии 119 ҳазору 555 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур барои таъмин кардани гармхонаҳои нав бо оби кифоя боз як чоҳи амудӣ низ кофта шуд.

Пас аз муваффақона анчом ёфтани лоиҳа, зиёда аз 50 нафар мард ва зан бо ҷои кор таъмин гардида, сокинони маҳаллӣ ҳоло метавонанд сабзавоти тару тозаро бо нархи арзон дар давоми тирамоҳ ва зимистон дастрас намоянд.

Дар маросими лоиҳаи мазкур, ҷаноби Окимото қайд намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон тавассути рушди соҳаи маориф, беҳтар гардонидани соҳаи тандурустӣ ва кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳам дар ноҳияҳои дурдаст ва ҳам дар маҳалҳои сераҳолӣ ба беҳтар гаштани хаёти мардум мусоидат намоянд. Ӯ қайд кард, ки лоиҳаҳои мазкур баҳри вусъат бахшидан ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон нақши муҳим мебозанд.

Дар маросими фавкуззикр инчунин ҷаноби Содиқ Мирсаидов, муовини раиси шаҳри Истаравшан, дар ҳузури сокинон ва деҳқонони деҳаи Сепула дар суханронии хеш ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдории самимӣ баён намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.