Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар шаҳри Душанбе доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад; – Раиси Иттиҳодияи рушди сайёҳии «Зарафшон», узви Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷамшед Юсуфов дар кори мизи гирд […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар шаҳри Душанбе доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад;

– Раиси Иттиҳодияи рушди сайёҳии «Зарафшон», узви Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷамшед Юсуфов дар кори мизи гирд таҳти унвони «Имконоти сайёҳии Русия ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Екатеринбурги Русия иштирок мекунад;

– Дар Бозиҳои VI варзишии «Кӯдакони Осиё» дар Якутски Русия Тоҷикистонро 20 нафар варзишгарони наврас намояндагӣ мекунанд.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8681

сомонӣ;


1

евро –

8.7241

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1198

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи маъюбон.

Рӯзи моҳигирон.


1796

– Шиносномаи нахустини шаҳрванди ИМА дода шуд.


1944

– Дар ИҶШС унвони фахрии «Қаҳрамонмодар», ордени «Шарафи модар» ва «Медали модар» таъсис дода шуданд.


1932

– Таъсиси ноҳияи Данғара.


2013

— Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон қурбонии аввали бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ба қайд гирифта шуда, шахси гирифтори ин беморӣ дар бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуд.


1948

– Зодрӯзи рассом Раҳматулло Абдураҳмонов.


1950

– Мавлуди арбоби давлатӣ Бобохон Маҳмадов.


1959

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Усмоналӣ Раҳматов.


1964

– Мавлуди раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Заррина Ёдгорова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +14+19.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.