Тасдиқи захираҳои кони нодири нуқра дар Мурғоб

Захираҳои нуқра дар кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоб дар ҳаҷми 204 тоннаву 920 кило аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо тасдиқ карда шуд. Сардори Саридораи геологиия назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки кай оғоз гардидани истихроҷ дар яке аз конҳои бузургтарини нуқра алҳол маълум нест, вале чанд сол қабл […]



Захираҳои нуқра дар кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоб дар ҳаҷми 204 тоннаву 920 кило аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо тасдиқ карда шуд.

Сардори Саридораи геологиия назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки кай оғоз гардидани истихроҷ дар яке аз конҳои бузургтарини нуқра алҳол маълум нест, вале чанд сол қабл он замон сардори Саридораи геология ва феълан муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки нисбат ба кони «Кони Мансури Калон», ки яке аз конҳои бузургтарини нуқра дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, дар кони «Якҷилва» миқдори нуқра дар таркиби як тонна маъдан бамаротиб бештар аст.

Cардори Комиссияи давлатии захираҳо Юнус Бобиев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ дод, ки нодир будани ин кон дар он ифода меёбад, ки миқдори миёнаи нуқра дар таркиби як тонна маъдани ин кон 640 граммро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар нуқраи «Кони Мансури Калон» ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 50 грамм баробар аст.

Комиссияи давлатии захираҳо аз рӯи маълумоти иктишофи пешакии геологӣ захираҳоро тасдиқ намуд, ки тибқи дараҷаи С1 – 113,14 тонна (миқдори нуқра дар 1 тонна маъдан 791 грамм) ва дараҷаи С2 – 93,34 тонна (миқдори нуқра дар 1 тонна маъдан 488 грамм)-ро ташкил медиҳанд.

«Ширкати С.А. MINERALS ба корҳои иктишофи геологӣ идома дода, ҳамзамон барои истихроҷ иҷозатнома ҳам дастрас карда метавонад, аммо дар ин мавзеи дурдасту мушкилгузари ноҳияи Мурғоб тӯли 6 моҳ то 30 дараҷа сардӣ ҳукмрон буда, масъалаи таъминот бо барқ мушкили асосӣ аст. Минбаъд лоиҳа ва арзёбии фанииву иқтисодии он таҳия гардида, масъалаи мувофиқи мақсад будани коркарди ин кор баррасӣ мешавад», – иброз дошт Бобиев.

Муддати коркарди кони «Якҷилва» 12,5 солро ташкил медиҳад. Маълумоти аввалин дар бораи кон дар ноҳияи Мурғоб соли 1962 ба даст оварда шуда, корҳои иктишофи геологӣ дар он солҳои 1984-1991 оғоз ва солҳои 2007-2013 аз ҷониби ширкати С.А. MINERALS-и Қазоқистон идома ёфтанд.

Сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар дарёи Мурғоб бинобар сабаби дар ҳарорати 30 дараҷа сардӣ як бастани дарёи Мурғоб ба муддати 5-6 моҳ ғайриимкон буда, истифодаи муҳаррикҳои истеҳсоли нерӯи барқ (генераторҳо) бо сӯзишворӣ арзиши аслии истихроҷи металл дар конҳои ин мавзеъро хеле боло мебарад, вале бо вуҷуди ин, сармоягузорон ба корҳои таҳияи арзёбии фанииву иқтисодии лоиҳа идома медиҳанд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.