Се соат манъи ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт то 7 сентябр



То 18 август ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе аз соати 15:00 то 18:00 манъ карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин вақт дар хиёбон тамринҳои афсарону сарбозону гарнизони Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба сафороии низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии санаи 9 сентябр баргузор мешавад.

Аз 19 август то 7 сентябр тамринҳои омодагӣ ба гузашти низомии ҷашн дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт доир гардида, дар ин робита ҳаракати нақлиёт тариқи ин майдони марказӣ аз соати 19:00 то 22:00 манъ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт, гарнизонҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт санаи 9 сентябр

гузаштҳои низомӣ

барпо мешаванд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар гузашти низомии пойтахт аз иштироки 16 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рашт дар маҷмӯъ аз сафороиву гузашти 9 ҳазор нафар афсарону сарбозон интизорӣ меравад.

spot_imgspot_img

Популярное