Хатми нахусти магистратура дар Академияи илмҳо

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19–уми июли соли 2016 нахустин ҷаласаи хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имрӯз магистрҳо дар таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал магистратураро хатм намуданд. […]

Иттилоияи расмӣ



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19–уми июли соли 2016 нахустин ҷаласаи хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки имрӯз магистрҳо дар таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал магистратураро хатм намуданд. Дарҳои муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони магистратура барои идомаи фаъолияти илмӣ боз аст.

124 нафар магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд. Аз зумраи онҳо 2 нафар аз Институти иқтисодиёт ва демография АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, 1 нафар аз Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ва 1 нафар аз Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АИ ҶТ дар ВМКБ бо дипломи аъло магистратураро хатм намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа президети Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба 124 нафар хатмкунандагони магистратураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.