Гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 8-9 нафар шаби 21 август тариқи гузаргоҳи марзии «Сайёд»-и дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонии вилояти Хатлон марзи Афғонистону Тоҷикистонро гузаштанӣ шуданд.
Тавре котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, миёни ин гурӯҳ ва марзбонони тоҷику кормандони КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтаааст.
«Дар натиҷа 2 тан аз марзшиканон – шаҳрвандони Афғонистон Суҳбатулло валади Ҷаҳонгир ва Маҳмадмӯсо валади Муҳаммад ҳалок ва як нафари онҳо захмӣ шуда, боқимонда дар қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», – иброз дошт номбурда.
Ба қавли ӯ, муайян карда шудааст, ки кушташудагон аъзои фаъоли гурӯҳи террористии «Толибон» мебошанд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо масофаи умумии 1344 километр 19 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 10 нафар марзшиканон кушта шудаанд.



