Маҳфили ёдбуди журналистони даргузаштаи тоҷик

Имрӯз дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди Акбари Саттор, собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва дигар журналистони соли равон даргузашта баргузор шуд, ки дар он кормандони давлатӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. «Аз рӯзи марги собиқ раиси Иттиҳоди журналистон Акбари Саттор расо як сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат беш аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маҳфили ёдбуди Акбари Саттор, собиқ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва дигар журналистони соли равон даргузашта баргузор шуд, ки дар он кормандони давлатӣ, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

«Аз рӯзи марги собиқ раиси Иттиҳоди журналистон Акбари Саттор расо як сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат беш аз 10 нафар журналистон даргузаштанд», – гуфт зимни ифтитоҳи ин чорабинӣ сардабири ҳафтавори «СССР» Сайёфи Мизроб.

Қобили зикр аст, ки ин муддат журналистон Раҳими Ашроф, Шарифи Мисайзод, Бахтиёр Сафаров, Аброри Зоҳир, Темур Султон, Убайдуллоҳи Ширин, Галина Дзутсева, Асадулло Саъдуллоев, Толиби Сангин ва Муҳаммадҷон Мирзошоев аз олам даргузаштанд.

«Воқеан гузашти  як сол нишон дод, ки  марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ивазнашаванда мебошад, чунки он ваҳдате, ки дар байни журналистон дар давраи ӯ буд, феълан он ваҳдат дар байнамон ҳис карда намешавад», – чунин мешуморад Хуршеди Атовулло, муассиси  Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.

Номбурда таъкид дошт, ки «вақте як журналист ба рӯзи сахт гирифтор мешуд,  бисёре аз журналистон худашон хабар надоштанд, махсусан журналистони ҷавон, чунки Акбари Саттор журналистонро аз  чанги баҳси суду чанги мақомот  худаш халос мекарду ба ҳеҷ кадоме аз журналистон миннат намекард».

Ба гуфтаи журналист Абдуфатоҳ Воҳидов, дар бораи корҳои Акбари Саттор дар ҳаққи журналистон соатҳо ҳарф задан ҳам кам аст ва аз ин рӯ, ба хотири ёдбуди марҳум Акбари Саттор як ҷоиза бо номи «Журналистони навовар» таъсис дода шавад. «Ба он журналистоне, ки  барои рушди журналистаи тоҷик як чизи нав ворид мекунанд, ин ҷоиза дар рӯзи хотираи ӯ ба онҳо дода шавад», – зикр кард номбурда.

Директори ташкилоти «Хома» Шаҳло Акобирова пешниҳод намуд, ки ба ифтихори журналистони даргузаштаи тоҷик осорхона таъсис дода шуда, дар он ҳамаи маводу аксҳои ин рӯзноманигорон гирдоварӣ шавад, то ки ҷавонон ҳамеша аз кору фаъолияти насли пешини ҳампешагони худ огоҳ бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.