Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар мактабҳои таҳсилоти умумии саросари ҷумҳурӣ занги аввал садо дода, чорабинии маъмулии «Рӯзи дониш» баргузор мешавад;

– Президент Эмомалӣ Раҳмон назди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара суханронӣ намуда, суханронии сарвари давлат дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар мустақиман намоиш дода мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8689 сомонӣ;

1 евро – 8.7636 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1179 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии сулҳ. Рӯзи муборизаи иттифоқҳои касаба барои сулҳ.

Рӯзи дониш.

1939 – Оғози ҷанги дуюми ҷаҳонӣ.

1964 – Бори нахуст дар телевизиони марказии ИҶШС барномаи «Хоби хуш, хурдтаракон!» пахш шуд.

1931 – Ифтитоҳи мактаби аввалини олии Тоҷикистон – Донишкадаи педагогӣ (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев.

1931 – Оғози фаъолияти Донишкадаи хоҷагии қишлоқ Тоҷикистон (феълан ДАТ).

1932 – Ифтитоҳи Донишкадаи давлатии педагонии Ленинобод (феълан ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров).

1939 – Оғози фаъолияти Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (феълан ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино).

1948 – Ифтитоҳи Дошнишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан ДМТ).

1956 – Оғози фаъолияти Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (феълан ДТТ ба номи М.Осимӣ).

1971 – Ифтитоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.

1973 – Оғози фаъолияти Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода.

1992 — Дар заминаи мактаби таҳсилоти умумии №74-и пойтахт нахустин гимназия кушода шуд

1996 – Ифтитоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

1996 – Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардид.

1997 — Ифтитоҳи аввалин мактаби байнулмилалии таълимӣ дар Душанбе.

2003 — Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

2003 – Дар Душанбе кори Ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба оби нӯшокӣ ба итмом расид.

2003 – Миёни Тоҷикистону ҶИЭ барои шахсони дорои шиносномаҳои хориҷии хидматӣ реҷаи бидуни раводиди вуруд ҷорӣ шуд.

2011 — Як қатор сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла президенти Русия Дмитрий Медведев ба нишасти ИДМ ба Душанбе омаданд.

2011 — Ҳафт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои узвият дар гурӯҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳар кадоме ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

2012 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон сафари корӣ анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои ин сафар 6 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави факултаи меъморӣ-сохтмонии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ иштирок кард.

1920-1996 – Зодрӯзи академик, арбоби давлатӣ, президенти Академияи улуми ҶТ Муҳаммад Осимӣ.

1938 – Мавлуди олим Раҷаб Мирзоев.

1940 – Зодрӯзи биолог Мирзо Назаров.

1946-2001 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Давлатҷон Муқимов.

1948 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов.

1948 – Мавлуди журналист Азимхон Амидхонов.

1949 – Зодрӯзи докотори улуми кишоварзӣ Ҳикматулло Аҳмадов.

1949 – Мавлуди нависанда Абдураҳмон Расулӣ.

1956 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, овозхон Асадулло Атовуллоев.

1958 – Мавлуди раққооса Сафрон Ёдгорова.

1958 – Зодрӯзи журналист Усмон Сабзов.

1966 – Мавлуди нависанда Назокати Сафар.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +79+19, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...