Ифтитоҳи Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон дар ВКД

Дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон ифтитоҳ гардид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи бинои дуошёнаи марказ вазири корҳои доихии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳузур доштанд. […]

Asia-Plus

Дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон ифтитоҳ гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи бинои дуошёнаи марказ вазири корҳои доихии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ҳузур доштанд.

Зикр гардид, ки ифтитоҳи Марказ ба тадбирҳои муқовимат бо зуҳуроти хариду фурӯши одамон саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, амнияти иттилоотӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ, моликияти зеҳнӣ, қочоқи сангҳои қимматбаҳо ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.