Таҷрибаомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Ҷопон

Бо мақсади ширкат дар баргузории як силсила чорабиниҳо бахшида ба омӯзишҳои умумимиллӣ оид ба коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии мувоини Раиси Кумита полковник Мухаммадчон Салимзода ба Ҷопон сафар кард.Дар аввалин рӯзи ин омӯзишҳо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзо Абэ […]

Asia-Plus

Бо мақсади ширкат дар баргузории як силсила чорабиниҳо бахшида ба омӯзишҳои умумимиллӣ оид ба коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ як ҳайат аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии мувоини Раиси Кумита полковник Мухаммадчон Салимзода ба Ҷопон сафар кард.Дар аввалин рӯзи ин омӯзишҳо Сарвазири Ҷопон ҷаноби Синдзо Абэ ширкат намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, рӯзи якуми сентябр ҳайати Кумита бо фаъолияти базаи асосии мунтақавии Раёсати офатҳои табиӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин кори ҳамарӯзии он шинос шуданд.

Ҳайат бо роҳбарони раёсат мулоқот кард ва дар ҷараёни он табодули афкор дар иртибот ба рушди алоқаҳо, дурнамои ҳамкориҳо баргузор шуд, масъалаҳои барои ҷонибҳо муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ҳайати КҲФ бо мувоини вазир оид ба офатҳои табиии Котиботи Кобинаи вазирони Ҷопон Йохэ Матсумот, бо вазири молия, вазирони заминҳои давлатӣ, нақлиёт, ифраструктура ва сайёҳӣ, бо сарварони ҷамъиятҳои шаҳрдории Токио, бо роҳбарони маркази маъмурии префектураи Хиого-шаҳри Кобэ мулоқот хоҳад кард.

Дар доираи ин сафар ҳайат аз як мактаби Токио дидан хоҳад кард, ки дар он мизбонон ба меҳмонони тоҷикистонӣ амалкарди хонандагон ва омӯзгорон дар ҳолатҳои эҳтимолии офатҳои табииро нишон хоҳанд дод.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими зарфиятҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ва дигар масъалаҳо мавриди суҳбат қарор хоҳанд гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол 1-уми сентябр дар Ҷопон омӯзишҳои умумимиллии омодагиҳо ба офатҳои табиии эҳтимолӣ баргузор мешаванд. Соли 1923 маҳз дар ҳамин рӯз дар шаҳри Кантои ин кишвар заминларзаи шадид рух дода буд, ки тӯфони шадиди баҳриро ба дунбол дошт ва дар он бештар аз 100 000 нафар қурбон шуданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.