Боздошти ҳаракати тролллейбусҳо дар хиёбони Сомонӣ

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, М.Убайдуллоев ба ҳамаи сохторҳое, ки дар кӯчонидани бинову иншооти ғайриқонунӣ дар шаҳр сохташуда […]

Аваз Юлдошев

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи кории мақомоти шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита хабар дод, М.Убайдуллоев ба ҳамаи сохторҳое, ки дар кӯчонидани бинову иншооти ғайриқонунӣ дар шаҳр сохташуда саҳм гирифтанд, миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки минбаъд корҳо дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

Бо назардошти дар хиёбони Исмоили Сомонӣ баргузор шудани чорабиниҳои асосии ҷашнӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 6 то 10 сентябр ҳаракати троллейбусҳо дар ин хиёбон мутаваққиф шуда, лавҳа ва шиорҳои идона шабона гузошта шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер