Пирӯзии шоҳотбоззанони тоҷик бар дастаи Белгия

Дар даври чоруми Олимпиадаи шоҳмот дар Боку дастаи мардонаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1,5 бар 2,5 аз дастаи Молдова шикаст хӯрда, дастаи занонаи ҷумҳурӣ бо ҳамин ҳисоб бар дастаи Белгия дастболо шуд. Дар давраҳои пешин дастаи мардонаи Тоҷикистон бар дастаҳои Серра-Леона ва Андорра ғолиб омада, аз тими Канада шикаст хӯрда буд. Дастаи занона бар дастаҳои Палестина […]

Сайфиддин Қараев

Дар даври чоруми Олимпиадаи шоҳмот дар Боку дастаи мардонаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1,5 бар 2,5 аз дастаи Молдова шикаст хӯрда, дастаи занонаи ҷумҳурӣ бо ҳамин ҳисоб бар дастаи Белгия дастболо шуд.

Дар давраҳои пешин дастаи мардонаи Тоҷикистон бар дастаҳои Серра-Леона ва Андорра ғолиб омада, аз тими Канада шикаст хӯрда буд. Дастаи занона бар дастаҳои Палестина ва Белгия ғолиб омада, бо тими Мексика қувваозмоиро мусовӣ анҷом дод ва дар бозӣ бо дастаи ИМА ба бохт дучор гардид.

Ҳамин тариқ, миёни 150 кишвари иштирокчиёни ин мусобиқа дастаи мардонаи Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз зинаи 75-ум ва дастаи занонаи ҷумҳурӣ бо 2,5 имтиёз мақоми 50-умро ишғол мекунанд.

Дар мусобиқаи миёни мардон дар ин Олимпиада дастаҳои Чин, Озарбойҷон ва Нидерланд ва байни занон дастаҳои Украина, Сербия ва Русия пешсафанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.