Зиёрати қабри Каримовро бо дучарха ба «ҳаҷҷи асғар» баробар карданд

Ҳамдеҳагони Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Узбакистон, ки ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд, ӯро бо туҳфа пешвоз гирифтаанд. Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Ҳусан Ҳоҷибоевро барои зиёрати қабри Ислом Каримов ба "ҳаҷҷи асғар" (ё ҳаҷҷи хурд) баробар кардаанд. Гуфта мешавад, қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ […]

Радиои Озодӣ

Ҳамдеҳагони Ҳусан Ҳоҷибоев, нафақахӯри 76-сола аз вилояти Намангони Узбакистон, ки ба зиёрати қабри Ислом Каримов рафта буд, ӯро бо туҳфа пешвоз гирифтаанд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сафари Ҳусан Ҳоҷибоевро барои зиёрати қабри Ислом Каримов ба "ҳаҷҷи асғар" (ё ҳаҷҷи хурд) баробар кардаанд.

Гуфта мешавад, қисме аз корбарони Facebook пул ҷамъ карда, барои Ҳоҷиебоев дучархаи нав ва яхдон харидаанд. Акнун пирамард ният дорад, бо дучархаи туҳфашуда ба зиёрати ҳаҷҷ равад.

"Ба сари қабри Каримов рафтан ҳам худаш адои ҳаҷ буд. Ман дар Самарқанд ба хонаи авлодии Каримов рафтам, ҳамаро дохил шудан намемонанд, аммо ман ворид шудам. Ба сари қабри вай низ ҳамаро наздик шудан намемонанд", – нақл кардааст Ҳоҷибоев.

Зимнан зикр мегардад, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, рӯзи 2 сентябр бар асари сактаи мағзӣ ё инсулт даргузашт. Ӯро 3 сентябр дар Самарқанд ба хок супурданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.