Дар Тошканд ҷашни Истиқлоли Тоҷикистонро пуршукӯҳ ҷашн гирифтанд

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон рӯзи 19 сентябри 2016 дар толори меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» зиёфати расмӣ орост. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ӯзбекистон А.Икромов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Ниёзхоҷаев, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, сарварон ва кормандони намояндагиҳои […]

Asia-Plus

Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон рӯзи 19 сентябри 2016 дар толори меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» зиёфати расмӣ орост.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ӯзбекистон А.Икромов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Ниёзхоҷаев, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, сарварон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Тошканд, арбобони илму фарҳанг ва санъат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватаноне, ки дар Ӯзбекистон иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ зиёфати расмиро бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд.

Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева бо сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хотири ҳозиринро шод гардонд. Дар рафти пазироӣ филми мустанад дар бораи таърих, табиат, фарҳанг, анъана ва дастовардҳои навини Тоҷикистон пахш гардид.

Дар толори макони чорабинӣ гӯшаи этнографӣ дар бораи таъриху фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои ғании миллати тамаддунофари тоҷик ташкил карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.