Коршиноси рус: ВАО ба фазои шахсии корбарон ворид мешаванд

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки дар Душанбе ҷараён дорад, омӯзгори факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав, коршиноси рус дар бахши расонаҳои хабарӣ Александ Амзин изҳор намуд, ки смартфонҳо ба фазои шахсии корбарон табдил ёфта, компютерҳои рӯимизӣ танҳо воситаи асосӣ барои кор боқӣ мемонанд ва дар […]

Лилия Гайсина

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки дар Душанбе ҷараён дорад, омӯзгори факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав, коршиноси рус дар бахши расонаҳои хабарӣ Александ Амзин изҳор намуд, ки смартфонҳо ба фазои шахсии корбарон табдил ёфта, компютерҳои рӯимизӣ танҳо воситаи асосӣ барои кор боқӣ мемонанд ва дар шароити ҳозира ВАО ҷиҳати вуруд ба фазои шахсии корбарони худ талош меварзанд.

«Шаш сол қабл телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-ро ҳар як чорум сокини Тоҷикистон бо худ дошт, имрӯз бошад, танҳо ҳар як тоҷикистонии 20-ум смартфон надорад», – таъкид дошт Амзин.

Дар чунин шароит, ба андешаи коршинос, ВАО-ро лозим аст, ки ба пешниҳоди маълумот тавассути воситаҳои мобилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва компютерҳои рӯимизиро ҳамчун ҳадя бипазиранд.

Коршиноси рус маълумоти таҳқиқоти Source Global Digital Future in Focus барои соли 2015-ро мисол овард, ки дар он ба корбарон чунин савол пешниҳод шудааст: «Шумо чиро афзалтар медонанд – смартфон ё компютер?». Тибқи натиҷаҳои атҳқиқот маълум шудааст, ки аксари корбарони кишварҳои рушдёфта (ИМА, Британияи Кабир) барои дастрасӣ ба маълумот ҳам аз компютер ва ҳам аз смартфон истифода бурда, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта то ҳол ба компютерҳои рӯимизӣ афзалият медиҳанд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳои минтақа метавонанд як гурӯҳи алоҳидаеро ташкил созанд, ки дар он аксари корбарони шабака зимни қабули маълумот ба телефонҳои мобилӣ бартарӣ диҳанд ва барои гузаштан ба ин навъи пешниҳоди маълумот, ВАО ҳоло 5 соли дигар фурсат доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.