Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид гузориш дар бораи вазъи алоқаи интернет дар соли 2016-ро интишор намуд.
Дар рейтинг аз рӯи шумори корбарони инфиродии шабакаи интернет дар соли 2015 (аз рӯи фоиз нисбати тамоми аҳолии кишвар) миёни кишварҳои пасошӯравӣ Озарбойҷон пешсаф аст, ки зинаи 36-умро ишғол кардааст. Дар ҷойҳои баъдӣ Русия (43-юм), Қазоқистон (45), Беларус (48), Арманистон (72), Молдова (92), Украина (93), Гурҷистон (99), Ӯзбекистон (106), Қирғизистон (120) ва Туркманистон (мақоми 160-ум) ҷойгир шудаанд.
Кишвари пешсафи рейтинг Исландия мебошад, ки 98%-и сокинони ин кишвар ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. Зинаи охири рейтингро Эритрея касб кардааст.
Тоҷикистон бо 18,98%-и дастрасии инфиродӣ ба интернет дар зинаи 149-уми рейтинг ҷойгир шуда, миёни Покистон ва Эфиопия қарор дорад. Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо мақоми Туркманистон аз Тоҷикистон поинтар аст, ки дар он ҳамагӣ 15%-и аҳолӣ ба таври инифродӣ ба интернет дастрасӣ доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, қариб ҳар як сеюм тоҷикистонӣ истифодабарандаи интернет мебошад ва дар оғози нимсолаи дуюми соли ҷорӣ шумори корбарони интернет бо шумули алоқаи мобилӣ 2,8 млн. нафарро ташкил медиҳад, яъне ба ҳар як 100 нафар аҳолӣ 34 корбари шабакаи умумиҷаҳонӣ рост меояд.


