Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дабири кулли СААД Николай Бордюжа бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳои ӯ бо роҳбарияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ дар назар аст; – Дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии таъсисёбии Агентӣ мизи гирд доир мегардад. Вохӯрӣ соати 13-00 дар бинои Агентӣ баргузор мешавад; – Рӯзҳои 27 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дабири кулли СААД Николай Бордюжа бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳои ӯ бо роҳбарияти сиёсӣ ва низомии ҷумҳурӣ дар назар аст;

– Дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии таъсисёбии Агентӣ мизи гирд доир мегардад. Вохӯрӣ соати 13-00 дар бинои Агентӣ баргузор мешавад;

– Рӯзҳои 27 ва 28 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакл барои кӯдакон “Сенсация в лесу” (Ҳангома дар ҷангал) намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соатҳои 10:00 ва 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8720 сомонӣ;

1 евро – 8.8623 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1209 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

1968 – Дар Душанбе бо иштироки АИ ИҶШС конфронси байнулмилалии ЮНЕСКО оид ба таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар давраи Кӯшониён ба кор шурӯъ намуд.

2013 — Раиси шаҳри Душанбе пахши мусиқии баланд ва гӯшхарош дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашро манъ кард.

1927 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов.

1963 – Мавлуди нависанда ва рӯзноманигор Равшани Махсумзод.

1963-2001 – Зодрӯзи нависанда Мавҷигули Зардодхон.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.