Ахири ҳафтаи сипаришуда дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагии пойтахт ба мавсими гармидиҳӣ баррасӣ шуда, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии биноҳову иншоот ба қабули гармӣ нигаронӣ изҳор намуд.
Дар иҷлосия қайд шуд, ки бо қарори ҳукумат то санаи 1 октябр 1 ҳазору 242 иншоот дар Душанбе бояд ба қабули гармӣ омода мешуданд, аммо то имрӯз ҳамагӣ 812-тои онҳо (65,4% аз нақшаи пешбинишуда) омода шудаанд.
Ҳамин тариқ, аз 1 ҳазору 82 адад биноҳои истиқоматӣ – ҳамагӣ 696 адад, аз 30 адад мактабҳо – 24 адад, аз 22 кӯдакистонҳо – 15 адад, аз 19 адад муассисаҳои тандурустӣ – 19 адад ва аз 89 адад биноҳои дигар ташкилоту идораҳо – 58 ададашон ба қабули гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон омода гардидаанд.
Раиси пойтахт ба муовинони худ ва раисони ноҳияҳо дастур дод, ки ҳарчи зудтар ин камбудиҳоро ислоҳ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон, муовини нахуствазир Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон нигаронӣ изҳор намуд.
Ӯ аз раисони ноҳияҳои пойтахт иҷрои саривақтии дастурҳои сарвари давлат дар мавриди омодагии манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармиро тақозо карда, ба мансабдорони масъул супориш дод, ки ҳар як ду рӯз ба ҳукумат доир ба рафти иҷрои ин корҳо ҳисобот диҳанд.
Муовини нахуствазир вобаста ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар гузариши дарёҳои Душанбе ва Лучоб ва камбудиҳо дар ин самт низ низ изҳори нигаронӣ кард.


