«Ман бо духтарам ифтихор мекунам». Падарон дар бораи маликаҳои худ

Дар озмуни «Ман бо духтарам ифтихор мекунам» иншои сокини Рашт, ки ба маълумоти аврупоӣ гирифтани духтараш мусоидат кардааст, беҳтарин дониста шуд. Наҷмиддин Шарифов маълумоти синфи 7 ва ҳамсараш – ҳамагӣ синфи панҷро доранд. «Бо вуҷуди дар минтақаи кӯҳистон ба дунё омадани духтарам, ӯ ҳамеша баҳри ба ҳадаф расидан талош меварзид ва ниҳоят ба ин ноил […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар озмуни «Ман бо духтарам ифтихор мекунам» иншои сокини Рашт, ки ба маълумоти аврупоӣ гирифтани духтараш мусоидат кардааст, беҳтарин дониста шуд.

Наҷмиддин Шарифов маълумоти синфи 7 ва ҳамсараш – ҳамагӣ синфи панҷро доранд. «Бо вуҷуди дар минтақаи кӯҳистон ба дунё омадани духтарам, ӯ ҳамеша баҳри ба ҳадаф расидан талош меварзид ва ниҳоят ба ин ноил гардид. Ба ӯ муяссар шуд, ки дар Аврупо маълумоти олӣ гирад», – ҳикоят кард Наҷмиддин Шарифов дар маросими тақдими мукофотҳо ба озмуни беҳтарин иншову акс ва расмҳои «Ман бо духтарам ифтихор мекунам.

Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Умедҷон Қурбонов барои беҳтарин акс бо духтарони худ бо ҷоиза қадрдонӣ шуд.

Маросими натиҷагирӣ аз озмун рӯзи 14 октябр дар Душанбе доир гардид. Ба баррасии озмун беш аз 78 иншо, 100 акс ва 100 расм пешниҳод гардид. Озмун моҳи июли соли 2016 эълон гардида буд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Бунёди нуфусшумории Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамдастӣ бо шарикони маҳаллӣ ва байнулмилалӣ созмон дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.