Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барномаи сафараш ба Чинро ихтисор карда, ба Ӯзбекистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон бо истинод ба Reuters хабар медиҳанд.
ВАО менависанд, Нурсултон Назарбоев ният дорад, ки рӯзи 3 сентябр ба Ӯзбекистон ояд. Тағйири ногаҳонии нақшаҳои сафар маънои онро дошта метавонад, ки ҳукумати Қазоқистон ба эълони марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов омодагӣ мегирад.
Имрӯз президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар нишасти G-20 ба шаҳри Ханчжоуи Чин ташриф овард.
Қаблан Девони вазирони Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки вазъи солимии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ниҳоят бад шудааст. Васоити ахбори умум ҳамчунин хабар дода буданд, ки дар зодгоҳи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба маросими дафни ӯ ҳамаҷониба корҳои омодагӣ ҷараён доранд.