Баррасии парвандаи коргарзани латукӯбшудаи созмони байнулмилалӣ дар прокуратураи Шоҳмансур

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард. Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят […]

Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.

Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.

«Мо ба прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, чанде қабл аз он ҷо ба мо хабар доданд, ки ариза барои баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмасур ирсол гардидааст, зеро маҳз дар ҳамин ноҳия ҳодиса рух дода буд», – гуфт адвокат ва илова намуд, ки дар прокуратураи ноҳия ваъда додаанд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ, зани ҷабрдида то ҳол ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат накардааст. «Агар ин зан ва адвокаташ ба мо муроҷиат мекарданд, мо ин ҳодисаро месанҷидем, ки дар он киҳо гунаҳкоранд. Мо огаҳем, ки ин парвандаро айни замон прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мекунад ва агар далели мазкур тасдиқ шавад, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кащида мешаванд», – гуфт ӯ

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 октябр Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон аз шикояти як зани 34-сола, сокини шаҳри Душанбе аз кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур хабар дод. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, гуфтаааст, ки маъмурини милиса зимни санҷиши шиносномаҳо дар доираи амалиёти “Нелегал” аввали моҳи равон талош кардаанд, бо зӯр вориди манзилаш шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.