Мавқеи Тоҷикистон дар рейтини «Пешбурди тичорат» 4 зина беҳтар шуд

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ — “Пешбурди тиҷорат 2017” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 128-ум қарор додаст. Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 4 зина беҳтар шудааст. Дар гузориши “Пешбурди тиҷорат барои соли 2016” Тоҷикистон дар зинаи 132 қарор дошт. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бар асоси гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди […]

Хабаргузории «Озодагон»

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ — “Пешбурди тиҷорат 2017” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 128-ум қарор додаст. Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 4 зина беҳтар шудааст. Дар гузориши “Пешбурди тиҷорат барои соли 2016” Тоҷикистон дар зинаи 132 қарор дошт.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бар асоси гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди 4 зина пешрафт Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно аз ҳама поин қарор гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 35, Қирғизистон – 75 ва Узбакистон дар зинаи 87-анд. Қазоқистон инчунин ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам аст, шомил гардидааст.

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.

Дар садри рейтинг Зеландияи Нав нишастааст. Сингапур, ки 10 соли ахир ҳамеша дар мақоми аввал буд, имсол дар ҷойи дуюм аст. Дания, Ҳонконг, Ҷумҳурии Корея, Норвегия, Бритониёи, ИМА, Шветсия ва Мақдуния шомили даҳгонаи авваланд.

Аз миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар ҷойи 16, Арманистон 38, Белорус 37, Русия 51, Молдов 44, Озарбойҷон 65 ва Укроин 80 қарор гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.