Ҷустуҷӯи продюсер барои наворбардории филми тоҷикиву ҳиндӣ дар Тоҷикистон

Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷикро бо номи Парвона дар меҳвари сюжети филми нави худ қарор додааст. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад. "Ин қиссаи як филми комили бадеӣ аст. Қаҳрамони асосӣ – Парвонаи 27-солаест, ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳам дар паи ҳомиладории бисёр пурмоҷаро, тасмим мегирад […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷикро бо номи Парвона дар меҳвари сюжети филми нави худ қарор додааст. Дар ин бора Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад.

"Ин қиссаи як филми комили бадеӣ аст. Қаҳрамони асосӣ – Парвонаи 27-солаест, ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳам дар паи ҳомиладории бисёр пурмоҷаро, тасмим мегирад аз ин фарзандаш даст кашад. Дар фикри фурӯши кӯдаки таваллуднашудааш мешавад. Тарҳи филмро ба Asian project market – як бозори синамо дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ гузоштам. Ин филми тоҷикиву ҳиндӣ аст. Ҳоло мо як продюссери иловагӣ ҷустуҷӯ дорем", – мегӯяд Шарофат.

Шарофат Арабова бо нахустин филми калонҳаҷмаш бо номи “Тасфия”, ки соли 2014 аз рӯи як қиссаи Темур Зулфиқоров бардошта шудааст, шинохта мешавад."Тасфия" аз саргузаштҳои марде қисса мекунад, ки баъди куштори занаш азоби виҷдон мекашад.

Филми кутоҳмуҳлати Шарофат бо номи “Дар байн”-ро (“In between” ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ ва непалӣ эҷод шудааст) дар Донишгоҳи синамову телевизиони Ҳинд бардоштаанд. Он соли 2013 дар ҷашнвораи синамои Қирғизистон бо номи “Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳҳаҷм” барандаи шоҳҷоиза шуд. Филм дар бораи муҳоҷироне қисса мекунад, ки аз як аёлат ба аёлати дигари Ҳинд сафар карда, дар дохили кишвари худ ҳамоно бегона ё муҳоҷир боқӣ мемонанд. Дар филм қиссаи духтари русе гуфта шудааст, ки дар ҷустуҷӯи бахт ба як мегаполиси ҳиндӣ меравад ва он ҷо бо саргузаштҳои зиёде рӯбарӯ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.