Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ: ҳиммати тоҷикон пасттар шудааст

Бунёди хайрияи бритониёии Charity Aid Foundation соли ҳафтум аст, ки Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ (World Giving Index 2016)-ро нашр мекунад. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон якбора 14 зина пойин рафтааст. Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ-2016 аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии ширкати Gallup,ки давоми сол миёни 145 кишвар гузаронида шуд, таҳия гардида, мақомгирии кишварҳо дар он ба 3 нишондиҳандаи […]

Asia-Plus

Бунёди хайрияи бритониёии Charity Aid Foundation соли ҳафтум аст, ки Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ (World Giving Index 2016)-ро нашр мекунад. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон якбора 14 зина пойин рафтааст.

Рейтинги ҷаҳонии хайру эҳсонкорӣ-2016 аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии ширкати Gallup,ки давоми сол миёни 145 кишвар гузаронида шуд, таҳия гардида, мақомгирии кишварҳо дар он ба 3 нишондиҳандаи миёна – хайру эҳсони маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои хайрия, фаъолият ба сифати ихтиёрӣ ва кумак ба афроди ношиноси ниёзманд вобаста аст.

Дар рейтинги имсола Тоҷикистон мақоми 84-умро ишғол кардааст. Соли гузашта миёни 145 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 73-юм ва як сол пештар аз ин миёни 135 кишвар мақоми 34-умро касб карда буд.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – дар зинаи 11-ум, Туркманистон – 14, Қирғизистон – 34 ва Қазоқистон – дар мақоми 96-ум қарор гирифтаанд. Русия дар мақоми – 126-ум, Афғонистон – 78-ум, Беларус – 100, Украина – 106 ва Гурҷистон дар зинаи 120-уми рейтинг ҷойгир шудаанд.

Соли дуюм аст, ки давлатҳои Мянма ва ИМА пешсафони ин рейтинг буда, ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Австралия, Зеландияи Нав, Шри-Ланка, Канада, Индонезия, Британияи Кабир, Ирландия ва Амороти Муттаҳидаи Араб шомиланд. Зинаҳои охири рейтингро Чин, Фаластин, Яман ва Юнон ишғол кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.