Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 44,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ин кумак аз 53 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (27,9%), Русия (21,3%), Сербия (8,2%), Ҳиндустон (7,4%), Белгия (3,8%), Швейтсария (3,7%), ИМА ва Покистон (3,1%-ӣ), Қазоқистон (2,8%), Олмон (2,1%), Дания (2%), Ҷумҳурии Корея (1,5%), Нидерланд (1%), Озарбойҷон ва Фаронса (0,8%-ӣ), Эрон (0,6%) ва дигар кишварҳо рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 44,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.


