Тамдиди маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷиксодиротбонк» боз ба муҳлати 1 моҳ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро боз ба муҳлати 1 моҳи дигар – то 18 декабри соли 2016 дароз кард. Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи БМТ қайд мешавад, ки ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро боз ба муҳлати 1 моҳи дигар – то 18 декабри соли 2016 дароз кард.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи БМТ қайд мешавад, ки ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.

Аввали моҳи сентябр маъмурияти муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» хабар дода буд, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои муштариён, як силсила чорабиниҳо амалӣ шуда, аз 1 сентябри соли ҷорӣ амалиётҳои интиқоли пул барқарор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ахиран мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.

Қаблан  иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти маъмурияи муваққатии «Тоҷиксодиротбонк» тамдиди муҳлати маъмурияти муваққатиро тасдиқ намуда, аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ намуд. Дар бонк ҳамчунин бо баҳонаи сирри бонкӣ доир ба шумори саҳҳомон ва ҳаҷми амонатҳои ҷалбшуда низ маълумот надоданд.

Дар бахши «ҳисоботи молиявӣ» дар сомонаи «Тоҷиксодиротонк» гуфта мешавад, ба санаи 30 июни соли 2015 ҳаҷми умумии амонатҳо ҳудуди 1 млрд. 636 млн. сомонӣ (беш аз 260 млн. доллари ИМА бо қурби ҳамон давра)-ро ташкил додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.