Вохӯрии охирин: Путин ва Обама 4 дақиқа гуфтугӯ карданд

Миёни Барак Обама, президенти ИМА ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи саммити Осиё ва уқёнуси Ором дар Лима табодули назари кӯтоҳ сурат гирифтааст. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин нахустин сӯҳбати Путину Обама баъди пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи ИМА аст. Ба иттилои Кохи сафед, гуфтугӯи Барак Обама бо Владимир Путин чаҳор […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Миёни Барак Обама, президенти ИМА ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи саммити Осиё ва уқёнуси Ором дар Лима табодули назари кӯтоҳ сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин нахустин сӯҳбати Путину Обама баъди пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи ИМА аст.

Ба иттилои Кохи сафед, гуфтугӯи Барак Обама бо Владимир Путин чаҳор дақиқа идома ёфтааст. Обама аз Путин даъват кардааст, то Русия масъулиятҳояшро дар доираи қарордоди Минск оид ба ҳалли низоъ дар шарқи Украина иҷро кунад.

Вай ҳамчунин аз раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии ИМА ва Русия – Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров даъват кардааст, ки корро бо шариконашон аз кишварҳои дигар барои коҳиши хушунат ва машаққати сокинон дар Сурия идома диҳанд.

Ин табодули назари кӯтоҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки беҳтар шудани муносибатҳо миёни Русия ва ИМА-ро баъди президент интихоб шудани Доналд Трамп тахмин мезананд.

https://www.youtube.com/watch?v=tiq7TbSKQ1I

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.