Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо раиси нави Думаи давлатии Русия

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи 22 ноябри соли ҷорӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар мекунанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон аз муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Олимҷон […]

Asia-Plus

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров субҳи 22 ноябри соли ҷорӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар мекунанд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон аз муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Олимҷон Салимзода, вакилони мардумӣ Мирзодавлат Сабуров ва Ҷамшед Саидов, узви Маҷлиси Миллӣ Фарҳод Раҳимзода, Юсуф Имомзода ва Наргис Раҳмонзода шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо аз рӯзи 22 то 26 уми ноябри соли ҷорӣ,  дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи  Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҷаласаи нуҳуми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Зикр гардид, ки дар шаҳри Санкт-Петербург Шукурҷон Зуҳуров бо раиси тозаинтихоби Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дидору гуфтушунид карда, дар вохӯрӣ масъалахои таҳкими робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати воломақоми парлумонии Молдова низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябр вакил аз ҳизби «Русия воҳид» (Единая Россия), собиқ муовини роҳбари маъмурияти президенти Русия Вячеслав Володин раиси нави Думаи давлатии Русия даъвати ҳафтум интихоб шуда, ба ҷонибдории ӯ 404 вакил овоз дода буданд. Ҳарифаш аз Ҳизби коммунисти Русия Дмитрий Новиков ҳамагӣ 40 овоз касб карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.