Баррасии масоили аломатгузории марз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили таъйину аломатгузории марзи давлатии кишварҳо доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар мулоқот масъалаҳои анҷоми расмиёти ҳуқуқии марзи давлатии ҳарду кишвар баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз ҷумла атрофи қитъаҳои сарҳад, ки қаблан мувофиқа нашуда буданд, табодули назар намудаанд. Бино ба маълумоти ВКХ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканд вохӯрии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили таъйину аломатгузории марзи давлатии кишварҳо доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар мулоқот масъалаҳои анҷоми расмиёти ҳуқуқии марзи давлатии ҳарду кишвар баррасӣ шуда, ҷонибҳо аз ҷумла атрофи қитъаҳои сарҳад, ки қаблан мувофиқа нашуда буданд, табодули назар намудаанд.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистоон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки 105 километри он марзи обӣ ва 1227,9 километраш марзи заминӣ аст.

Мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар марзи кишварҳо 16 нуқтаи гузаргоҳ мавҷуд аст, ки 9-то он мақоми байнулмилалӣ ва боқимонда 7-тои он мақоми дуҷониба доранд. Чортои онҳо нуқтаи гузаргоҳ барои ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан мебошанд.

Дувоздаҳ нуқтаи гузаргоҳ дар вилояти Суғд ва боқимонда 4-тои он дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода воқеъ мебошанд. Яке аз шохаҳои асосии роҳи автомобилгард ва қитъаи роҳи оҳан аз қисмати ғарбии Ӯзбекистон ба самти қисмати шарқӣ ва минбаъд ба Қирғизистон тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Айни замон барои равуои шаҳрвандон ва қисман ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Турсунзода (гузаргоҳи «Дӯстӣ») ва дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд (гузаргоҳи «Фотеҳобод») ду гузаргоҳи дорои мақоми байнулмилалӣ фаъолият доранд.

То соли 2002 ҷонибҳо 86%-и хати убури марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таъину аломатгузорӣ карда, ҳамон сол Шартнома дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расида буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ҷонибҳо то охири соли равон масъалаи таъйину аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро пурра ҳаллу фасл карданианд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.