Сӯхтор дар Тюмен ҷони 7 тоҷикистониро рабуд

Бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин робита гуфтааст, бино ба гузориши мақомоти интизомии […]

Радиои Озодӣ

Бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ин робита гуфтааст, бино ба гузориши мақомоти интизомии Русия се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, бино ба фарзияи пешакии мақомоти Русия, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод карданд, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо коргарони ширкати "Горизонт" буда, то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд.

Рӯйхати нафарони ҳалокшуда:

1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

3. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)

6. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, нафари ҳафтум – Назаров Ф., соли таваллудаш 1994 – ҳамон шаб барои меҳмонӣ ба назди ҳамдеҳагонаш омада ва дар ин ҳодиса ҷон бохтааст.

Котиби матбуотии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ҷасади ҳалокшудагон дар ин ҳодиса рӯзи 23 ноябр ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад.

Ному насаби се нафаре, ки дар бемористонанд:

Раҳмонов Мӯҳсинҷон Акбарович (1989),

Олимов Паредҷон Олимов (1989),

Қосимов Кароматулло (1993).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.