Тағйири тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё

Тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро Кумитаи иҷроияи ин ниҳод дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА ба анҷом расид, дигар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки «аз соли оянда сар карда, ин мусобиқа дар панҷ минтақаи Осиё сурат мегирад ва […]

АМИТ «Ховар»

Тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро Кумитаи иҷроияи ин ниҳод дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА ба анҷом расид, дигар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки «аз соли оянда сар карда, ин мусобиқа дар панҷ минтақаи Осиё сурат мегирад ва аз Ғарби Осиё дастаи ғолиб мустақиман ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегирад. Аз чор минтақаи дигари Осиё: Шарқ, АСЕАН, Марказ ва Ҷануби Осиё баъди анҷоми мусобиқоти байниҳамдигарӣ як дастаи дигар ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад ва дар финал бо ғолиби минтақаи Ғарби Осиё қувва месанҷад».

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон ҳунарнамоиро дар Ҷоми КФО -2017 аз бозиҳои гурӯҳӣ шурӯъ мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи плей-офф ба рақобат пардохта, дар ду марҳала барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан мубориза мебарад.

Сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, ки «Ҳосилот» дар марҳалаи аввал бо чемпиони Афғонистон қувва меозмояд ва дар сурати ғолиб омадан, баъдан бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон муборизаро барои Ҷом идома медиҳад. Бозиҳои плей-офф аз ду вохӯрӣ иборат мебошанд. Ғолиби ин бозиҳо ба гурӯҳи дастаҳои «Истиқлол», «Алтин асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон ҳамроҳ мешавад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.