Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти Ҳиндустон дидору гуфтушунид анҷом медиҳад;

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «ЮНИСЕФ – 70 сол барои ҳар як кӯдак» намоиш доир мегардад. Воридшавӣ ройгон аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8768 сомонӣ;

1 евро – 8.2068 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1250 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1960 – Таъсиси шаҳри энергетикҳо Норак, ки дар наздикиаш нерӯгоҳи барқии ба номи Т.Ӯлҷабоев сохта шудааст.

2002 – Анҷоми ба ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳади ҶТ супоридани дастаи марзбонии Мурғоб.

2006 — Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи таъсиси Маркази иттилоотии ҳамоҳангсозии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) ҳамроҳ шуд.

2010 — Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку»-ро тасдиқ намуданд.

1908-1976 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Бақоева.

1939 – Мавлуди шоир Амир Хошок.

1944-1994 – Зодрӯзи шоир Амонбек Шоҳзода.

1957 – Мавлуди сарояндаи эстрада, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурмо Ширинова.

1984 – Зодрӯзи рӯзноманигор Зарангези Наврӯзшо.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.  

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +8+10.   

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +7+9.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...