Раиси пойтахт: 80%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби соҳибкорон пур мешавад

Дар ҳисоботи солонаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маҷлиси вакилони халқ зикр гардид, ки 80%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби андозҳои соҳибкорони хусусӣ пур мешавад. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳиссаи бахши хусусӣ дар муомилоти моли умумии шаҳр дар соли равон – 99% ва дар хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 87,8%-ро ташкил додааст. Раиси пойтахт таъкид […]

Asia-Plus

Дар ҳисоботи солонаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маҷлиси вакилони халқ зикр гардид, ки 80%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби андозҳои соҳибкорони хусусӣ пур мешавад.

Ба гуфтаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳиссаи бахши хусусӣ дар муомилоти моли умумии шаҳр дар соли равон – 99% ва дар хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 87,8%-ро ташкил додааст.

Раиси пойтахт таъкид доштааст, ки 80,2%-и буҷети шаҳр аз ҳисоби бахши хусусии иқтисод пур шуда, шумори соҳибкорони инфиродӣ дар пойтахт 31 ҳазору 299 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 4,1% ё худ 1 ҳазору 246 нафар зиёдтар аст.

Раиси шаҳри Душанбе зикр кардааст, ки соли ҷорӣ дар пойтахт 71 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо 2 ҳазору 826 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд.

Соли 2016 ҳаҷми музди меҳнати миёна дар пойтахт ба 1 ҳазору 589 сомонӣ (тақрибан 200 доллар) баробар шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта (соли 2015 – 1 ҳазору 492 сомонӣ) 6,5% бештар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...