Номзадии Бердимуҳаммедов дар интихоботи навбатии президенти Туркманистон

Президенти амалкунандаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар интихоботи президентии моҳи феврали соли 2017 номзад шуд. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои маҳалии Туркманистон, Бердимуҳаммедов аз Ҳизби демократии Туркманистон номзад шудааст. Гуфта мешавад, ибтидои тирамоҳи соли ҷорӣ Бердимуҳаммедов ба Конститутсияи кишвараш тағйир ворид карда, тибқи ин ислоҳ муҳлати президентӣ аз 5 […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти амалкунандаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов дар интихоботи президентии моҳи феврали соли 2017 номзад шуд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои маҳалии Туркманистон, Бердимуҳаммедов аз Ҳизби демократии Туркманистон номзад шудааст.

Гуфта мешавад, ибтидои тирамоҳи соли ҷорӣ Бердимуҳаммедов ба Конститутсияи кишвараш тағйир ворид карда, тибқи ин ислоҳ муҳлати президентӣ аз 5 то 7 сол дароз ва маҳдудияти синнусолии президентӣ то 70-солагӣ расонда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Туркманистон 12 феврали соли 2017 интихобот дар назар аст. Пешбарии номзадҳо 14 декабр шуруъ шуд. Дар чанд рӯзи оянда рақибони Бердимуҳаммадов муайян мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов соли 2006 ба курсии президентии Туркманистон нишаст. Вай баъди марги Сафармурод Ниёзов, президенти нахустини ин кишвар, сари қудрат омад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...