Расо 60 сол пеш агрегати аввали нерӯгоҳи Қайроққум ба истифода дода шуд

Расо 60 сол қабл, 15 декабри соли 1956 гидроагрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо”-и Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт. “Имрӯз ҳамаи 6 агрегати мавҷудаи ягона нерӯгоҳи барқи обии шимоли ҷумҳурӣ бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар як шабонарӯз ҳудуди 3 млн. 24 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30% аз ҳаҷми умумии талаботи […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Расо 60 сол қабл, 15 декабри соли 1956 гидроагрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо”-и Қайроққум мавриди истифода қарор гирифт.

“Имрӯз ҳамаи 6 агрегати мавҷудаи ягона нерӯгоҳи барқи обии шимоли ҷумҳурӣ бо иқтидори пурра фаъолият дошта, дар як шабонарӯз ҳудуди 3 млн. 24 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, ки 30% аз ҳаҷми умумии талаботи вилояти Суғд ба барқро таъмин месозад”, – хиюр дода ба Азия-Плюс” директори нерӯгоҳ Файзулло Авезов.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯгоҳи Қайроққум таъиноти дугона дорад, ки аз як тараф истеҳсоли нерӯи барқ бошад, аз ҷониби дигар, обёрӣ аст, яъне дар мавсими тобистон кишварҳои поёноб – Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ бо об таъмин мешаванд.

Директори нерӯгоҳ қайд кард, ки имрӯз сатҳи захираи оби обанбори нерӯгоҳ барои пурра кор кардани он кофӣ аст, “ҳарчанд мо ба таври назаррас камтар шудани обро интизорӣ доштем”.

Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар Сирдарё бунёд шуда, лоиҳакашии он соли 1940 оғоз ва соли 1967 пурра ба истифода дода шуд. Соли равон шаҳри Қайроққум ба Гулистон ва обанбори Қайроққум ба “Баҳри тоҷик” табдили ном карданд.

Соли оянда корҳои азнавсозии ду турбина (чрха)-и нерӯгоҳ дар назар аст, ки ба муҳлати истифодаашон 30 сол пур шудааст. Баҳри амалисозии ин кор Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳудуди 75 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.

Сарбанди нерӯгоҳ соли 1956 сохта шуда, он замон нерӯгоҳ бузургтарин дар Осиёи Миёна шуморида мешуд ва муҳлати хеле зиёд бидуни таъмиру таҷдид кор кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.