Нигаронии вакилони парлумон аз норасоии меъморони ёдгориҳои таърихӣ

Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи «Иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон, маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллиони он маблағҳои буҷавӣ мебошанд.

Дар ҷараёни музокирот зикр гардид, ки тибқи «Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 2020 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, меъморӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда суханронӣ намуда, қайд кард, ки низоми таъминоти кадрӣ вобаста ба фаъолияти нигоҳдорӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ниёз ба ислоҳот дошта, дар маҳалҳо шумораи мутахассисон — меъморони ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ хеле кам ба назар мерасанд.

“Ҳамкории мақомотҳои дахлдор бо мактабҳои олии кишвар, ки мутахассисони соҳаро тайёр мекунанд, дуруст ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷа дар аксарият шаҳру ноҳияҳо гуруҳҳои нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода нашудаанд ва ё фаъолияти онҳо суст ба роҳ монда шудааст. Аксарияти мутахассисони маҳаллӣ ниёз ба такмили ихтисос ва касб доранд. Ин кор номунтазам ба роҳ монда шудааст, ки нигаронкунанда мебошад”, – гуфт Лутфия Раҷабова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.