Президент истиқлолияти энергетикиро баъди се сол ваъда дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти энергетикӣ расидани ҷумҳуриро баъди се сол ваъда дод. Зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита қайд кард, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад. Қайд шуд, ки бо мақсади ноил шудан […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти энергетикӣ расидани ҷумҳуриро баъди се сол ваъда дод.

Зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита қайд кард, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.

Қайд шуд, ки бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

«Дар қатори бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст», – иброз дошт сарвари давлат.

Зикр гардид, ки илова бар ин, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.

«Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифта, аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат илова намуд, ки имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.