Имзои протокол доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе протокол ба имзо расид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи моҳи апрели соли 2017 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон низ протокол имзо шуда, дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон доир ба азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе протокол ба имзо расид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи моҳи апрели соли 2017 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоиши маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон низ протокол имзо шуда, дар ин намоиш аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта мешавад ва дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. «Ғайр аз ин, ҷонибҳо бобати тобистони соли оянда дар Тоҷикистон баргузор кардани Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон низ созиш ҳосил карданд», – гуфт манбаъ.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов ба васоити ахбори умум иттилоъ додааст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа дар бораи кам кардани коэффисиенти ҳамлу нақл дар роҳи оҳан ва аз ҷониби саноатчиёни ӯзбек харидорӣ шудани алюминий аз Тоҷикистон санадҳои дахлдор ба имзо расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.